Маълумот Дар Бораи Истиклолият
- Маълумот Дар Бораи Истиклолияти Точикистон
- Маълумот Дар Бораи Истиклолият
- Маълумот Дар Бораи Истиклолият Бо Забони Англиси
Мундариҷа. Мафҳуми информатсия Информатсия мафҳуми хеле васеъ аст. Калимаҳои арабии «», «», «», «» ва ғайра баъзе паҳлўҳои мафҳуми информатсияро маънидод менамоянд, вале ягонтои он ин калимаро пурра иваз карда наметавонанд. Масалан, сигнали ягон датчик ё бўйи ягон таъомро информатсия гуфтан мумкин аст, вале иттилоотро. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии information сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Одамон информатсияро ба ҳамдигар бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ ё дар намудҳои имову ишоратӣ ва ё аломатӣ мерасонанд. Инсон ҳар гуна информатсияро аввал худаш дарк мекунад ва баъд онро ба дигарон ирсол медиҳад.
Мо информатсияро аз китобҳои таълимию илмӣ, рўзномаю маҷаллаҳо ва намоишномаҳои телевизиониву кинофилмҳо мегирем. Онро дар дафтар ё конспектҳоямон қайд менамоем. Дар фаъҳолияти истеҳсолӣ, мо информатсияро дар намуди матну нақшаҳо, маълумотномаву ҳисоботҳо, ҷадвалҳо ва дигар намуди ҳуҷҷатҳо ба қайд мегирем, ё интиқол медиҳем. Чунин намуд информатсияҳоро бо ёрии компютер низ ба қайд гирифта, кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст. Новобаста аз намуди тасвиршавиаш, информатсия ҳамеша маълумот дар бораи ягон шахс ё ягон чиз аст. Вай ҳодисаҳои дар ҳаёти мо аллакай рўйдода ё рўйдиҳандаро инъикос менамояд. Масалан, мо дирўз кадом корҳоро анҷом додем, ё пагоҳ бо чӣ корҳо машғул мешавем, мисолҳои информатсия шуда метавонанд.
Дар ин мавридҳо бояд информатсия ҳатман дар ягоҳн шакли мушаххас – ҳикоя, расм, мақола, шеър ва ғайра тасвир гардад, ё ба қайд гирифта шавад. Асарҳои мусиқӣ ва графикӣ, китобу мусаввараҳо, спектаклу кинофилмҳо – шаклҳои гуногуни тасвири информатсияро ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, информатсия дар ҳар гуна шакл – инъикоси дунёи воқеӣ ё хаёлӣ мебошад. Аз ин рў, информатсияро ҳамчун инъикоси ҷаҳони моддӣ дар шакли аломатҳо ва сигналҳо тасвир кардан мумкин аст.
Вале ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки таърифи мутлақо аниқи информатсия вуҷуд надорад. Вай ҳамчун мафҳумҳои нуқта ё ҳамворӣ дар геометрия ва ё адад дар математика мафҳуми ибтидоӣ аст.
- Маълумот дар бораи Пирамидахои МИСР Chi Gap. Unsubscribe from Chi Gap? Cancel Unsubscribe.
- Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон зодаи истиклолият буда, дар. Маълумот дар бораи.
Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи.
Информатсияро чунин маънидод кардан мумкин аст: Информатсия маълумот дар бораи ягон ҳодиса, предмет, шахс, рўйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омўзиш кам менамояд. Бояд гуфт, ки информатсия объекти моддӣ нест:. Ҳангоми ирсол аз як ҷой ба ҷои дигар, информатсия дар ҷои пешинааш низ боқӣ мемонад. Барои ирсол додан информатсия бояд дар ягон барандаи моддӣ тасвир карда шавад. Новобаста аз намуди баранда, миқдори информатсия бетағйир мемонад. Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва информатсионии олам'.
Инсоният дар тўли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадомашон дар камолот ва худшиносии он нақши амиқро боқӣ гузоштаанд. Масалан, асри сангӣ ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гашт, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохт. Асри биринҷӣ ба азхудкунии гудохтани металл овард, ки он дар дигаргуншавии моҳияти ҳаёти ҷамъиятӣ такони бузурге буд. Ва ҳамин зайл, асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю автомобил, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи беҳамтои барқӣ, асри ядроӣ ба инкишофи омўзиши кайҳон ва энергетикаи атомӣ сабаб гаштаанд, ки онҳо меҳнати фикрию ҷисмонии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидаанд. Имрўзҳо мо зуд-зуд дар хусуси асри информатсионӣ сухан меронем. Дар ҳақиқат асри ХХI асри ва мебошад.
Дар ин аср тамоми самтҳои фаъолияти инсон аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди информатсия баҳравар мегардад. Омилҳои сегона, яъне модда-энергия-информатсия ба зумраи он ғизоҳое табдил меёбанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо ба низом медарорад. Намудҳои информатсия Гарчанде инсон информатсияро амалан бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул намояд ҳам, вале ҳоло вай коркарди компютерии на ҳама намудҳои информатсияро аз худ намудааст. Масалан, идроки эстетикӣ ё муносибати байни одамон аз зумраи он проблемаҳоеанд, ки коркарди компютерии онҳоро вақт интизор аст. Дар замони мо дар коркарди намудҳои зерини информатсия ба таври васеъ ба роҳ монда мешаванд:. информатсияи матнӣ. информатсияи ададӣ.
информатсия дар бораи таърихи рўз ва вақт. информатсияи сабти садоӣ. информатсияи графикӣ, аниматсия ва видеофилмҳо. информатсияи махсуси дуӣ.
Дар ибтидо танҳо барои коркарди информатсияи ададӣ хизмат мерасонид. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки имкониятҳои компютер хеле васеъ будааст. Аз тарафи дигар, набояд фаромўш кард, ки имкониятҳои компютер беохир нест. Вай дар он соҳаҳое самараи хуб дода метавонад, ки истифодааш дар онҳо амалан собит гаштааст. Соҳаҳои тадбиқи имрўзаи технологияҳои компютерӣ намудҳои дар боло овардашудаи информатсия ба шумор мераванд.
Мутаасифона, тарақиёти минбаъдаи танҳо ба коркарди ҳаҷми зиёдтари ҳамин намуд информатсияҳо меовараду халос. Хосиятҳои информатсия Дарёфти информатсия – ин ба даст овардани далел, маълумот ва додашудаҳо дар бораи хосиятҳо, сохтор ё алоқамандии объектҳо ва рўйдодҳои муҳити атрофи мо мебошад. Мазмуни моддии информатсия имкон медиҳад, ки хосиятҳои асосии он – саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, актуалӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кўтоҳӣ ва фаҳмогӣ равшан карда шаванд. Информатсия саҳеҳ (мўътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Информатсияи носаҳеҳ боиси хатофаҳмии рўйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад. Информатсия мукаммал (пурра) шумурда мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад.
Нопуррагии информатсия монеаи қабули қарорҳо ва сабаби роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад. Муҳиммии (арзандагии) информатсия дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд. Информатсия актуалӣ (замонавӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд. Информатсия фаҳмо (возеҳ, аён) шумурда мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад. Информатсия аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтарини наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рўйдодро инъикос намояд. Тарзҳои кодиронии информатсия Кодиронии рақамии информатсияҳои намудашон гуногун. Раванди ташаккули тарзи муайяни тасвири информатсияро кодиронии (рамзсозӣ, рамзбандӣ) информатсия мегўянд.
Одатан дар зери мафҳуми кодиронии информатсия гузариш аз як тарз ба дигар тарзи тасвири информатсияро мефаҳмонд, ки вай барои нигаҳдорӣ, интиқол ва коркард қулайтар аст. Компютер танҳо намуди информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки вай дар шакли рақамӣ тасвир шуда бошад.
Ҳар гуна информатсияи намуди дигар – садо, наво, матн, график, расм, нишондоди асбобҳо ва ғайра ҳангоми коркарди компютерӣ бояд аввал ба шакли рақамӣ табдил дода шавад. Масалан, барои садои мусиқиро ба шакли ададӣ табдил додан, кифоя аст, ки дар фҳосилаҳои начандон калони вақт баландии (шиддати) садоро барои зудиҳои муайян чен намоем ва натиҷаҳои ченкуниҳоро дар шакли рақамӣ ба қайд гирем. Бо ёрии программаҳои компютерӣ бошад, ин табдилотро дар шакли садои мусиқӣ аз нав барқарор намудан мумкин аст. Айнан ҳамин тавр, бо ёрии компютер информатсияи матниро низ кор карда баромадан мумкин аст. Ҳангоми ба компютер дохил намудани рамзҳо (, ) онҳо бо ёрии ягон адади муайян кодиронида мешаванд. Дар вақти ба қисмҳои беруна (экран, принтер) хориҷ намудан бошад, баръакс, аз рўи коди онҳо тасвири худи рамзҳо сохта мешавад.
Ана ҳамин мувофиқати байни рамзҳову ададҳоро рамзсозӣ мегўянд. Чун қоида, ҳамаи ададҳо дар компютер бо ёрии рақамҳои нолу як (0, 1) тасвир карда мешаванд. Яъне, компютер асосан дар базаи кор мекунад. Сабаби асосии истифодаи системаи ҳисоби дуӣ дар он аст, ки дар ин маврид таҷҳизоти коркарди информатсия намуди хеле соддаро қабул менамояд. Дохилкунӣ ва хориҷкунии ададҳо бо ёрии компютер бошад, дар шакли муқаррарӣ (одатӣ) иҷро карда мешавад, чунки ҳамаи табдилдиҳиҳоро программаҳои компютерӣ ба зиммаи худ мегиранд. Андозагирии информатсия ва ченакҳои он Воҳиди ченкунии информатсияро (bit) мегўянд, ки он аз калимаҳои кўтоҳкардашудаи англисии binary digit (рақами дуӣ) гирифта шудааст. Дар техникаи компютерӣ бит ба вазъи физикии барандаи информатсия мувофиқат мекунад.
Масалан, магнит мекашад – магнит тела медиҳад, сўрохӣ ҳаст – сўрохӣ нест, лампа фурўзон ҳаст – лампа хомўш аст. Яке аз вазъҳоро ба воситаи рақами 0 ва дигарашро бо 1 ишорат кардан одат шудааст. Интихоби яке аз ду варианти имконпазирро бо доимиҳои мантиқии «дуруст» ва «нодуруст» низ ифода мекунанд. Бо ёрии пайдарпайии битҳо матн, мусаввара, садо ё дигар намуд информатсияро кодиронидан мумкин аст.
Методи бо битҳо тасвиркунии информатсияро методи кодиронии дуӣ (binary encoding) мегўянд. Дар информатика бештар аз бузургии калонтар - (byte) истифода мебаранд, ки вай ба 8 бит баробар аст. Агар бит имконияти аз ду варианти имконпазир интихоб намудани якеро фароҳам оварад, он гоҳ байт, мувофиқан, яке аз 256 варианти имконпазирро (28) пешкаш менамояд. Аксарияти компютерҳои замонавӣ ҳангоми кодиронии рамзҳо пайдарпайии аз 8 нулу якҳо (як байт) иборатбударо истифода мебаранд. Мувофиқати байни байтҳо ва рамзҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим оварда мешаванд. Масалан, мувофиқи ҷадвали кодии Koi8-R коди ҳарфи М ба 11101101, коди ҳарфи И ба 11101001 ва коди рамзи (мавқеи холӣ) ба 00100000 баробар аст. Дар баробари байтҳо барои ченкунии миқдори информатсия аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд: 1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт; 1 Мбайт (як мегабайт) = 210 Кбайт = 1024 Кбайт; 1 Гбайт (як гигабайт) = 210 Мбайт = 1024 Мбайт; 1 Тбайт (як терабайт) = 210 Гбайт = 1024 Гбайт.
Маълумот Дар Бораи Истиклолияти Точикистон
Адабиёт. Pieter Adriaans. (англ.).
Амвей прайс лист. Во всем мире насчитывается 65 лабораторий Амвей, в которых трудятся свыше 500 научных работников, посвятивших себя совершенствованию имеющейся и разработке новой продукции Амвэй, которая отвечала бы динамичным потребностям рынка: Компания владеет более чем 600 патентами и еще около 400 патентов находятся в стадии рассмотрения и утверждения. Пристальное внимание уделяется контролю за качеством продукции — в целях постоянной гарантии высокого качества и безопасности каждый год выполняется более 500 тысяч тестов на экологичность, безопасность и удобство использования продукции Amway.
Adriaans, Pieter,van Benthem, Johan. Gabbay, Pieter Adriaans, Paul Thagard, Johan van Benthem, John Woods (ред.): Philosophy of Information. (англ.). Глик Д. Поток. — М. — 576 с. —. Природа информации. — М.:, 1968. — 288. Проблема информации в современной науке. — М.: Наука, 1975. — 288.
Маълумот Дар Бораи Истиклолият
Синергетика и информация (динамическая теория информации). — М.: Едиториал УРСС, 2004. — 288 с. —. Мелик-Гайказян И. Информационные процессы и реальность. — М.: Наука, Физматлит, 1997. — 192 с. —.
Маълумот Дар Бораи Истиклолият Бо Забони Англиси
Ҳамчунин нигаред.
Comments are closed.